Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30907

«Роҳи оҳани Тоҷикистон»: Воридоти молҳо нисбат ба содирот 6,6 маротиба зиёд буд

$
0
0

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Содироти молҳои хоҷагии халқ 601 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 — 85 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 187 ҳазору 727 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 19 ҳазору 817 тонна зиёд аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои масъулин, афзоиш аз ҳисоби бештар содир намудани маҳсулот, аз қабили пиёз — 108 ҳазору 706 тонна, турб — 1 ҳазору 966 тонна, сабзӣ — 2 ҳазору 612 ва хурмо — 2 ҳазору 980 тонна ба амал омадааст.
Воридоти маҳсулот 3 млн. 957 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта- 364 ҳазор тонна кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ воридоти молҳо нисбат ба содирот 3 млн. 356 ҳазор тонна ё 6,6 маротиба зиёд мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30907

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>