Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Вохӯрии Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай дар ВКХ

Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 май соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  ҳайати Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхайро бо роҳбарии Муовини котиби генералии СҲШ Ван Кайвен ба ҳузур пазируфт.

С. Аслов ба давлатҳои аъзо ва Котиботи СҲШ барои ташкили Миссияи мазкур ва сафар ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи Раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон баргузор хоҳад гашт, изҳори сипос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин Созмони батадриҷ рушдёбанда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Trending Articles