Душанбе,9.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Соли ҷорӣ дар рӯзҳои 71-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар шри Конибодоми вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 100-солагии нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев таҷлил карда мешавад. Дар ин бора рӯзномаи вилоятии «Хатлон» хабар додаст.
Рӯзнома аз таърихи азхудкунӣ ва ободонии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш, ки дар вақташ «сохтмони умумиттифоқӣ» эълон гардида буд, ёдовар шуда, чунин нигоштааст: «Барои иштирок намудан дар «Вахшстрой» як гурӯҳ деҳқонон аз деҳаи Куйиқозиёни ноҳияи Конибодом низ ба ноҳияи Кагановичобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) кӯч бастанд. Дар байни онҳо Неъмат ном ҷавони 14-15 сола низ буд.
Неъмат Қарабоев ҳамроҳи деҳқонон ба ободонию бунёдкорӣ машғул шуда, ҳамзамон дар курси кӯтоҳмуддати ҳисобчӣ хонда, дар колхози навташкил аз рӯи ин касб ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре рӯзномаи «Хатлон» менависад, Неъмат Қарабоев соли 1937 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Аввал дар округи ҳарбии Ленинград, дар полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъдтар дар шаҳрҳои Украинаи ғарбӣ ва Беларусия хизмат кард. Соли 1939 ба округи ҳарбии Киев, полки 300-уми тирандозии дивизияи 7-ум гузашт. Дар ҳайати полк, ки бар зидди гвардиячиёни сафеди фин меҷангид, разведкачӣ-алоқачӣ шуд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид, гвардиячиёни сафед мехостанд Неъмат Қарабоевро ба асирӣ гиранд, Неъмат бо як чолокӣ онҳоро бо норинҷак нобуд кард.
21 марти соли 1940 Неъмат Қарабоев дар қатори гурӯҳи аскарони Сурх ва афсароне, ки дар ҷанги зидди финҳои сафед мардонагии беназир нишон дода буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардид, ки ӯ аз Осиёи Марказӣ аввалин қаҳрамон буд.
Лейтенанти хурд Неъмат Қарабоев соли 1941 дар омӯзишгоҳи ҳарбии тирандозии Сухумӣ таҳсил карда, нахуст командири гурӯҳ, пропагандисти баталион ва узви бюрои комсомолии полк буд.
Неъмат Қарабоев 22 июни соли 1941 командири взводи полки 88-уми эҳтиётии тирандозӣ таъин шуд. Баъдтар взводи ӯ дар наздикии Новороссийск ба ҷабҳаи ҷанг даромад. 26 декабри соли 1941 дар як муҳорибаи шадид маҷруҳ шуда, барои табобат ба госпитали шаҳри Боржово афтид. Баъд аз табобат боз ба ҳамон қисми ҳарбӣ баргашт.
Неъмат Қарабоев моҳи январи соли 1943 ҳангоми аз дарёи Дон гузашта, хатти фронти душманро рахна кардан тир хӯрда, ҳалок гардид.
Бо мақсади абадӣ гардонидани номи нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон бисёр кӯчаю хиёбон, мактабҳо ва хоҷагиҳо ба номи ӯ гузошта шуданд. Дар шаҳри Душанбе яке аз кӯчаҳои калону зебо ба номи Неъмат Қарабоев номгузорӣ шудааст.
Дар ноҳияҳои Конибодом ва Ҷалолиддини Балхӣ низ нимпайкараи қаҳрамонро гузоштанд.