Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Ҳалокати 73 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар Афғонистон

$
0
0

Душанбе, 9.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар ва мошини боркаши маводи сӯхт дар вилояти Ғазнии Афғонистон 73 нафар фавтидааст. Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, ин ҳодиса соати 06:30-и (ба вақти маҳаллӣ) субҳи 8 май рух дода, инчунин даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои мақомот дар ин автобус 120 нафар қарор доштаанд.

Мақомоти марбута сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, сабаби бархӯрди мошинҳо бемасъулиятии ронандагон будааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>