Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар Тоҷикобод 71 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд

$
0
0

Тоҷикобод, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод нақша доранд, ки соли равон дар майдони 2127 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 1108 гектар картошка, 88 гектар зироати техникӣ, 330 гектар сабзавот кишт кунанд. Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия наздики 80 тонна тухмии ғалла, 1660 тонна тухмии картошка мавҷуд аст. Дар ҳамаи сохторҳои кишоварзӣ эҳтиёҷ ба тухмии ғалла 70 тонна ва картошка 1400 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмӣ ба ноҳия ворид мешавад.
Дар ноҳия маъракаи сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад ва 71 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд, ки иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин менамояд.
Мувофиқи нақша имсол бояд дар майдони 20 гектар боғи нав бунёд шавад, ки ҳоло 12 гектар боғи нав бунёд гардида, дар ин самт корҳо бомуваффақият идома доранд.
То ин муддат дар ноҳия 3 гектар боғи интенсивӣ бунёд ва 8 гектар боғи куҳна барқарор карда шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>