Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Девони вазирони Британияи Кабир: «ДИ» дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ беш аз 25 ҳазор ҷангиро аз даст дод

Душанбе, 05.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Талафоти гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар давоми иштироки вай дар низои мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ аз 25 ҳазор нафарзиёдтар шуд.
Дар ин маврид намояндаи расмии Дафтари сарвазири Британия рӯзи сешанбе хабар дод.
«Мо 25 ҳазор ҷангиёни нобудшударо ба ҳисоб гирифтем, ки беш аз 600 нафари онҳо моҳи гузашта нобуд карда шудаанд»,- иттилоъ дод корманди қароргоҳ аз Даунинг-стрит.
Бино ба гуфтаи ӯ теъдоди террористоне, ки дар сафҳои «ДИ» меҷанганд, дар ду соли охир ҳадди ақалро ташкил медиҳад. Вай ҳамчунин хотиррасон намуд. ки дар байни кишварҳои эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии ИМА Британия кишваре мебошад, ки пас аз Иёлоти Муттаҳида шумораи бештари зарбаҳои ҳавоиро ба мавқеъҳои ДИ задааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>