Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29613

Боздиди 366 нафар меҳмони хориҷӣ аз мамнуъгоҳи таърихию фархангии Ҳулбук

$
0
0

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҶТ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар соли 2015 Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ба Ҷоизаи байналмиллалии «GLOBAL RATING NOMINATION» Институти рейтинги байналмиллалӣ «INTERNATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО дар самти ёдгориҳои моддии ҷаҳонӣ сазовор гардид. Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки кормандони мамнуъгоҳ  дар ин давра ба 14 ҳазору 479 нафар сайёҳ ва меҳмони дохилию хориҷӣ хизмат расониданд. Бахшида ба таҷлили 24-солгарди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 ҳазору 241 нафар мактаббачагон, донишҷўён ва меҳмонони расмӣ хизмати ройгон расонида шуд. Аз миқдори умумии ташрифоварандагон 366-нафарро сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29613

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>