Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30271

Дар ҷумҳурӣ 694 ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд

$
0
0

Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси 229 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 5 ҳазору 346 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 ҳазору 397 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 9 ҳазору  839 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъкид гардид.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5091 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5147 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1561 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.

Ҳамин тавр, дар соли 2015 иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 118,7 фоиз таъмин гардида, маҷмўан ба 183 ҳазору 935 нафар шаҳрванд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30271

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>