Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28616

Вакилони Парлумони кишвар ба минтақаҳо рафтанд

$
0
0

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои  кишвар сафар намуданд.
Муҳаммадато Султонов  -сардори Маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи  сафари  вакилон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ фаҳмонидани моҳияти   пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки   22 май зимни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешавад.
Интизор меравад, ки  вакилони палатаи поёнии  Парлумони  мамлакат  дар зарфи нӯҳ рӯз -то 4 май  оид ба қабули ин санад ба интихобкунандагон  маълумоти  мукаммал медиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28616

Trending Articles