Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Ғалабаи дастаҳои мунтахаби Эрон ва Бутан

$
0
0

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ду варзишгоҳи мамлакат Чемпионати минтақавии Осиё оид ба футбол байни духтарони то 14-сола оғоз гардид. Дар вохӯрии аввали рӯз дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Бутан ғайричашмдошт футболбозони қирғизро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард.
Дар бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва  Эрон меҳмонони мо соҳиби бартарӣ буданд ва бо нишондоди 3 бар 0 ғалаба карданд.
Дар гурӯҳи “Б” Бангладеш тими мунтахаби Ҳиндустонро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард.
Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Бутан ва Эрон бо Қирғизистон дар гурӯҳи “А” ва Непал бо Ҳиндустон дар гурӯҳи “Б” вориди рақобат мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles