Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Дар музофоти Идлиб яке аз раҳбарони гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» маҳв гардид

Душанбе, 9.04.2016. /АМИТ «Ховар» /. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия дар минтақаи Ҷебел-эз-Забияи музофоти Идлиб ба ситоди гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» зарба заданд, ки дар натиҷа фармондеҳи ҳарбии ин гурӯҳ Абдуллоҳ ал-Муҳайсин маҳв карда шуд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба сомонаи иттилоотии «Сурия ал-Эн» иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта як роҳбари дигари террористон ва собиқ ҳаммаслаки Усома бин Лодан – Радван Маҳмуд Равис маъруф бо лақаби Абуфирос ас-Сури дар якҷоягӣ бо на кам аз 20 фармондеҳи саҳроӣ нобуд карда шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles