Душанбе, 9.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА тасмим дорад, ки фишорро ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»тақвият бахшад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри зимни нишасти матбуотӣ дар пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод эълом дошт.
«Эътилофи байналмилалӣ зарба ба роҳбарони ДИ-ро идома хоҳад дод. Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки эътилоф озод намудани шаҳри Мосул, ки ҳоло зери назорати террористон қарор дорад, ба шумор меравад», — зикр кард Ҷ. Керри.
Бино ба гуфтаи Керри, Ироқ ҳоло давраи хеле муҳимеро аз сар мегузаронад.
Рӯзе қабл зимни боздидаш аз Баҳрайн ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Ироқро мебояд кишварро муттаҳид ва барқарор сохта, ҳудудҳоеро, ки ДИ ғасб кардааст, баргардонад.
↧
Керри: эътилофи байналмилалӣ фишорро ба ДИ тақвият медиҳад
↧