Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудааст

Ваҳдат, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат намояндагони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо донишҷӯёни Коллеҷи омор доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода ба ҷавонон иброз намуд, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо асосан ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles