Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид

Душанбе, 8.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрели соли 2016  дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Снргей Лавров доир гардид. Ҷонибҳо ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ дар 24 сол аз санаи муқаррар кардани муносибатҳои дипломатӣ баҳои баланд доданд. Дар фазои анъанавии эътимоду созанда онҳо доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2016 ба имзо расониданд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>