Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Адибони маъруф ба назди хонандагон рафтанд

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» шоирон Ғанӣ Ҷӯразода, Алӣ Бобоҷон, Насим Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Шарифаи Аъламзод, Абдуқаҳҳори Қосим ва дигарон бо китобдӯстони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода вохӯрӣ ва суҳбати самимӣ доир намуданд.
Хонандагони мактабҳои ноҳияи Шаҳринав бахшида ба ҳаёт ва осори Ғанӣ Ҷӯразода ва дар шаҳри Турсунзода бахшида ба эҷодиёти адиби маъруф Алӣ Бобоҷон маҳфилҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Маҳфилҳои адабӣ ва вохӯрии адибон дар муассисаҳои таълимии №-91 ва №-56-и шаҳри Душанбе низ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардиданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>