Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28797

Дар Фархор 54 нафар барои беэтиноӣ ба табиат ҷарима баста шуданд

Фархор, 6.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Масъулини Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ кардани қоидавайронкуниии муҳити зист ва ҳифз намудани табиат дар 3 моҳи соли ҷорӣ 87 маротиба санҷиш гузаронида, нисбат ба 54 нафар ба маблағи 5320 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.
Ба қавли сардори бахши мазкур Аҳлиддин Ҳаитов, кормандон дар самти ҳифзи наботот, партовгоҳ, ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир ва дигар самтҳои экологӣ санҷиш гузаронида, як қатор пешниҳодҳоро ба прокуратура ирсол намуд.
Санҷиш нишон дод, ки тӯли се моҳ бераҳмона буридани дарахтон, шикори ҳайвонҳои нодир ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфта, қоидавайронкунии табиат низ кам гардидааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28797

Trending Articles