Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Хатнатӯйи оилаҳои ниёзманд дар ҷашни Наврӯз

Рӯшон, 22.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо тасаббуси  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи Рӯшон хатнатӯйи  35 нафар кӯдакон аз оилаҳои  ниёзманди ҷомеа доир гардид, ки 15 нафари онҳо  фарзандони оилаҳои осебдидаи  заминларзаи  водии  Бартанг мебошанд.

Ҳамчунин, ин гуна кори хайр дар ҷамоати деҳоти Навободи  ноҳияи Шуғнон доир гардида, аз ҷониби шахсони саховатпеша туйи суннатии  21 нафар  дӯстрӯякони оилаҳои  ниёзманд  баргузор гардида, ба онҳо либос ва дигар туҳфаҳо тақдим шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles