Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Наврӯз- суннати мондагори ваҳдатгаро

$
0
0

Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Вақте дар бораи Наврӯзи оламафрӯз меандешем, сарнавишти  пурифтихору сурурангез ва гоҳо пурфоҷиаи ин суннати неки аҷдодӣ, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ёдамон меояд. Бахусус  замони Шӯравӣ , ки ин ҷашни фархунда расман манъ шуда буд ва то охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта анқариб касе аз он ёд намекард. Вале ҳеҷ таъқиб ва манъ карданҳо ҷойгоҳи ин расми барозандаи ниёконро дар дил ва рӯҳи мардум танг намекард. Мардону занон дар шаҳру деҳот, ба ҳар навъе, аз он ёд мекарданд ва шукӯҳу ҷалолашро гиромӣ медоштанд. Зимни ин муроқиба  суоли аввале, ки дар зеҳнамон  пайдо шуд, ин буд, ки омили аслии намирандагӣ ва рӯз ба рӯз афзудани иштиёқи мардум ба  Наврӯз чист?

Ба назари банда омили аслии намирандагӣ ва мондагории  Наврӯз, пеш аз ҳама, ин аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба суди ҳамагон буду ҳаст. Касоне, ки дар ин ҷашни бузург ширкат меҷӯянд, низ аз адлу дод ҳимоят ҷуста, бар зиёни ҳеҷ касе  иқдоми баде нахоҳанд кард. Он чи дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар ёдкарди ин ҷашн рӯ мезанад, шодӣ асту сурур, хайр асту баракат ва афзунхоҳиву тандурустиву комёбӣ. Ба ин далел ин суннати фархунда дар зеҳну амалу кирдори мардуми мо ба сурати одат даромада ва дар шумори корҳоест, ки иҷрояш барои ҳар фард суннат буда, душвориҳоро мезудояд  ва  навиду   хушиву шодмониву  некбахтӣ    бо  худ меорад.

DSC00918 3 15 14 D20_0258

Ба иборате дигар, он чи ки дар Наврӯз ба сурати амал даромада, бозгӯкунандаи  масъулиятҳоест, ки мардум бо хости худ, барои худу хешу табору  вобастагон ва кулли инсонҳо пазируфтаанд ва иҷрои онҳоро навъе масъулият ва фазилати инсонии худ мешуморанд. Фақат он чи зикр шуд, далели мондагории Наврӯз нест. Балки Наврӯз ҳамоҳангиҳои табиие дар миёни мардум ба вуҷуд оварда, ки  аз оғози пайдоиш то имрӯз одамон моҳияти онро дарк кардаанд  ва суннатҳои некашро пайравӣ намудаанд, ки  якеи он ваҳдати иқдом, амал ва андеша будааст.

DSC_0245 DSC_0376 DSC_0048 DSC_0108 DSC_0184

Шояд муосирони мо бо ин ҳама созмонҳову дастгоҳҳое, ки дар сатҳи милливу ҷаҳонӣ барои наздиктар кардани дилҳо ва андешаҳои ақвому милал бо якдигар  чораандешӣ доранд, беҳтар аз ҳар вақти дигаре зарурати  ҳифзи  ин расми куҳан  ва ҷаҳонӣ шудани онро эҳсос карда бошанд  ва худро масъул  бубинанд, ки суннатҳои хуби наврӯзиро азиз шуморанд ва аз баракоти якрангиҳову созандагиҳои он фоида гиранд.

DSC_0747 DSC_0406 DSC_0614 DSC_0615 DSC_0651

Воқеан ҳам   Наврӯз ҷашни  табииест, ки  ҳеҷ гуна назари хосеро ба гурӯҳе ё миллату ҷомеае бор намекунад ва ҳеҷ ҳадафи мазҳабӣ, сиёсӣ ё иқтисодиву низомиеро дунбол намекунад. На кайфияте барои табақаи хос  меофаринад ва на ба нажодеву расмеву ойине таҳдид меоварад. Барои Наврӯз сарватманду дорову нодор яке, пеш аз ҳама, Инсон ҳастанд. Рӯҳи табақотӣ ва  тамоюли тафриқаангезӣ надорад. Ба ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ҷоҳу ҷалол ва рангу пӯсти инсонҳо коре надорад. Ҳамаро як хел пазироӣ мекунад  ва башоратҳояш низ ҳақиқиву воқеӣ буда, мутааллиқ ба ҳамаи ақвому миллатҳост. Навидаш ҳамагонӣ ва ҳамасоз аст. Аз имрӯзу фардо сухан мегӯяд ва дар ҳамин равиш гузаштаҳоро ба ояндаҳо пайванд мезанад. Ҳамчунон ки башарият асилтарин тасвири худро дар ойинҳои он бубинад ва бо расму ҳувияти ягонаи инсонӣ  ошно шавад.

DSC_1065 DSC_0678 DSC_0795 DSC_0854 DSC_0935

Муҳаққиқон собит кардаанд,ки  дар Авасто ва матнҳои  динии куҳан ба ҳеҷ ваҷҳ ёде аз Наврӯз нест ва ин нукта далели он аст, ки ин ҷашн на танҳо ба  мазҳаби муайяне вобастагӣ надорад, балки  ба  қавми хосе низ ҳамбаста  нест . Далелҳои зиёде дар даст аст, ки  дар давраҳои гуногуни таърихӣ  сари по будан ва мавриди эҳтиром қарор гирифтани Наврӯзро таъйид мекунанд. Санадҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар асрҳои  пеш аз таърих низ ин ҷашн ҷойгоҳи баланде дошта ва дар байни қавмҳои  ориёӣ ва ғайриориёӣ мавқеияти рафеъ ва ягона доштааст. Ин амр  дар таъкид ва таъйиди  эътибори  ҷаҳонии  Наврӯз аст, ки бо саъю талоши  Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон   мартабаи ҷаҳонӣ ёфт.

DSC_1290 DSC_0660 DSC_1088 DSC_1124 DSC_1255

Вақте дар боби шукӯҳу ҷалол ва  мондагории Наврӯз  меандешем, суоли дигаре низ ба сар меояд: далели  умри дароз  ва гароиши ақвому миллатҳои мухталиф дар тӯли таърих  ба ин расми неки ниёкони мо чӣ будааст?

Далели аслии умри тӯлонӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, табиӣ будани он аст. Табиӣ будан омили аслии гароиши инсонҳо, сарфи назар аз мақому манзалати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва табақотиашон, ба ин ҷашни дерсолу ҳамешаҷавон аст. Маҳз ҳамин далели табиӣ будан боис шуда, ки ҳеҷ гурӯҳи муайяне натавонистааст худро созанда ва пардозандаи Наврӯз эълом дорад. Ба ҳамин далел аст, ки дар дарозои таърих қавму миллатҳои зиёде ба он гароида, чун мероси фарҳангии худ азизаш доштаанд. Таваҷҷуҳи амиқи мардумони нимкураи шимолии замин, аз Чину Ҷопон сар карда, то баъзе кишварҳои Ғарб ба Наврӯз низ дар табиӣ будан ва тамоюли хосси милливу  мазҳабӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ надоштани он аст. Ва ҳатто, имрӯз , ки ин ҷашн бе ҳеҷ мухолифате ҷаҳонӣ шуд ва ақвоми гуногуни  дунё онро ба хушӣ пазируфтанд, далелаш табиӣ ва қарини дилу руҳи мардумони гуногунмиллат будани он аст. Аз ин ҷиҳат,  Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намудори  як фарҳанги олии созанда ва мусоидатгар ба ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати инсонҳост, новобаста ба қавму миллат ва мазҳабу тамоюлҳои иҷтимоиву сииёсиашон.

DSC_4047++ DSC_1221 DSC_1226 DSC_4028++ DSC_4036++

Расму ойине, ки дар дарозои ҳазорон сол ҳамроҳ бо Наврӯз будааст, низ ҳама табиӣ буда, омили дигари дарозумрӣ ва ҳампои замонҳову қарини дилу рӯҳи мардумон будани он аст. Одобу маросими наврӯзӣ ба  далели табиӣ ва маҳбуби мардумон буданаш дар тӯли таърих кам тағйир ёфта, дар асос ба сурате аз маҷмӯае аз одобу суннатҳои ҳамоҳанг ва мутобиқи хосту руҳи мардумон бар ҷой мондааст.

Чашмгиртарини ин маросим, бе ҳеҷ шаке, ҳамон чидани суфраи ҳафт сину ҳафт шин  аст, ки ба ваҷҳи табиӣ ва пайвандгари руҳу нияту армони мардум буданаш,  то ба рӯзгори мо расида ва ҳамчунон маҳбуби хосу ом аст. Муҳимтарин хусусияти ин маросим пайвастагии хосси он бо руҳи табиатписанди инсон ва одоби иҷтимоиву ахлоқии табақоти мухталифи мардум аст, ки реша дар суннатҳои неки ахлоқиву фарҳангӣ ва ҷаҳоншиносии  миллат дорад. Маросими ҳафт сину ҳафт шин  беҳтарин паёми атоёи табиат ба инсон аст, ба инсоне, ки бо табиат зинда аст ва табиат кафили идомати умру насли ӯст. Суфраи ҳафт сину ҳафт шин паёмовари хайру баракат, осудагиву ободист,  ки унсурҳои дигари созанда ӯро ҳамроҳӣ макунанд.

DSC_4060++ DSC_1124 DSC_1162 DSC_1170 DSC_4049++

Солҳое, ки Наврӯзро манъ карданд, ҳаммиллатони мо натавонистанд, балки далерӣ карданду нахостанд суннатҳои дигари наврӯзӣ- пок кардани муҳит, хонаву дар, пӯшидани рахти нав, рӯйи хон гузоштани гулу шириниву шарбат ва ғайраро фаромӯш кунанд. Ин русум, ки мероси рӯзгорони қадим аст, низ паём ва ормони пайвандгариву созандагӣ дорад ва инсонро ба доду диҳиш, сулҳу сафо, хушиву тандурустӣ, бахшояндагиву некӯхисолӣ  фаро мехонад.

Маросими ҳафт сину ҳафт шин як лаҳзаи зинда доштани ҳофизаи таърихиву фарҳангӣ, пазироии содиқона аз арвоҳ  ва ёди гузаштагон низ  ҳаст , ки зиндаҳо бар онҳо ҳаққи хидмат доранд.

Суфраи наврӯзӣ ё ҳафт шину ҳафт син  ҷанбаи тамсилии зидагонии башарро низ ироа медиҳад, ки паёми воқеии созандааш  ҷиҳати шугуну афзоиши хайру баракат,тандурустӣ , сарват, хушбахтӣ ва фаровонӣ  дар соли нав аст. Дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки он чи ки суфраи ҳафт сину ҳафт шин  фаро мегирад, рамзи расидан ба зиндагии шоиста, фаровон, бедарду ранҷ ва осудагиву бе нигаронӣ аст, ки ормони ҳамешагии инсонҳо буда,  фарогири моҳияти умумибашарии ин ҷашни ҷаҳонӣ  аст.

IMG_0791-Праздник Навруз DSC_4459 DSC_06051 IMG_0514 IMG_0789

Рӯйи суфра гузоштани шохаҳои дарахтон, мисли  анорабед, зайтун, анҷир ва ғайраҳо рамзи идомати зиндагӣ, бақои  ҷовидонаи  хушиву саодатмандии инсонҳост. Нон нишони баракат, шири тоза, хурмо, панир ёдовари расми шоҳони сосонӣ ва зинда доштани ҳофизаи  таърихист. Ин ҳама тамсили навзоӣ, навзоии одаму растохези табиат ва ҷаҳони мавҷуд буда, моҳияти  инсонӣ  ва ҷаҳонӣ дорад. Мисли ҳамин  тухми мурғ нишони нутфаву наҷот ва идомати наслҳо, ойинаву суманаку санҷид рамзи зойишу таваллуд, моҳӣ  ёдовари бурҷи Ҳут ё Исфанд, себ рамзи ишқу зоиш ва ғайраҳо будааст. Ба ифодаи дақиқтаре, ҳафт сину  ҳафт  шин маҷмӯи наботу ашёест, ки  рамзи идомати зиндагӣ ва ормонҳои намирандаи инсонҳост.

Наврӯз тарзи нигоҳу нигариши тоҷиконро ба зиндагӣ, ки оканда аз шӯру шавқу кунҷковиву ҷуръату ормони зистан аст, ифода мекунад. Аз қаъри асрҳо то ба имрӯз зинда доштани расму ойини созандаи Наврӯз  ва бо вуҷуди монеаҳои иҷборӣ  ҳифзи он барои имрӯзиёну фардоиён, гувоҳи кӯшишу кашокаши тамомнопазири  миллати мо дар ҳифзи  бунмояҳои асили  фарҳанги миллат аст.

Саидов Тохирчон+ (2) Саидов Тохирчон+ (3) Саидов Тохирчон+ (4) DSC_4047++ DSC_1065

Ҷашни табиат будани  Наврӯз боис шудааст, ки  он дар дилу руҳи мардуми мо манзил гирад ва зинда монад. Ҳамчунин  мардум ва милале, ки ба марҳилаи муайяне аз маданият даст ёфтаанд,  дилбастаи  ин ҷашн бимонанд. Имрӯз далели он ки  Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, низ ин аст, ки ҷашнест табиӣ ва озод аз ҳама банду бастҳо. Ҳамчунон ки тоҷикон наметавонистанд  мутаваҷҷеҳи  гузашти  умри замин, куҳна шудани сол, марги зимистонии гиёҳон ва дарахтон аз як сӯ ва фаро расидани падидаҳои тоза, нав шудани рӯзгор, беҳбуди зиндагӣ ва обу ҳаво, рӯйидани гулу гиёҳ ва  сабза аз сӯйи дигар набошанд, мардуми дунё низ, сарфи назар аз қавму қабила,  аз чунин пешомадҳои ин ҷашни фархунда наметавонистанд бо некрӯйӣ ва ҳусни тафоҳум  истиқбол накунанд. Тааллуқоти деринаи инсонҳо ба Наврӯз, моҳияти инсонӣ ва ваҳдатгароии  он  омили аслии мондагорӣ ва ҷаҳонишавии ин ҷашни хуҷиста ва ормонӣ буда, ифтихори меросбарони аслии он – тоҷикон  низ ҳаст.

 

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles