Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар Брюссел террористи рақами яки Аврупо Салоҳ Абдусалом дастгир гардид

Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Рӯзи ҷумъа, 18-уми март зимни амалиёти махсуси зиддитеррористӣ дар Брюссел террорист Салоҳ Абдусалом, ки ӯро дар Белгия «душмани рақами яки ҷамъиятӣ» меноманд, маҷрӯҳ ва дастгир гардид. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Амалиёти полис дар минтақае, ки терроористи рақами яки Аврупо дастгир гардид, идома дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, Абдусалом ва ҳаммаслаки ӯ зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар Моленбеке (коммунаи Брюссел) дастгир гардидаанд. Ҳамчунин полис як ифротгарои дигарро нобуд кардааст.
Салоҳ Абдусалом гумонбари асосии ҳамлаҳои террористӣ дар Париж ба ҳисоб рафта, аз ҷониби полиси Белгия ва Фаронса мавриди кофтуков қарор дошта буд. Бародари ӯ худро рӯзи 13-уми ноябр дар кӯчабоғи Волтераи пойтахти Фаронса тарконда буд. Онгоҳ ба Салоҳ муяссар гардид, ки шаби 14-уми ноябр бо ёрии дӯстонаш аз Брюссел Парижро тарк кунад.
Кофтукови Салоҳ Абдусалом қариб чор моҳ идома кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>