Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои дар Ростови лаби Дон суқуткарда ҳалок гаштанд

$
0
0

Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). –Ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737-800 ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон суқут кард. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар медиҳад.
Ҳавопаймо бояд ба замин фуруд меомад. Дар дохили он 61 нафар, аз ҷумла 6 ҳайати сарнишинон қарор доштанд. Ҳамаи онҳо ҳалок гардиданд.
Ҳоло дар ҷои ҳодиса намояндагони тамоми хадамоти фаврӣ кор карда истодаанд. Ҳолатҳои садама муайян шуда истодаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, фурудгоҳи Ростови лаби Дон бинобар суқут кардани ҳавопаймо баста шудааст.
«Бинобар шароити номусоиди обу ҳаво ҳавопаймо натавонист, ки дар кӯшиши аввал фуруд ояд ва ба даври дуюм парвоз кард, баъдан ҳангоми дубора фуруд омадан дар ҳудуди фурудгоҳ суқут кард», — иттилоъ дод манбаи дигар.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>