Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Бо тариқи зӯроварӣ тасарруф намудани 65 ҳазор сомонӣ

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш зани 58-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 16 марти соли равон тахминан соати 00:30  4 шахси номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди ҳуҷраи хобаш шуда, бо истифода аз корд ва чӯби бо худ овардаашон ба тарафи ӯ ва духтараш,  зани 32-сола, ҳуҷум намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дохили сумкаи занона 65 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 25-сола, яке сокини ноҳия Вахш, дуюмӣ сокини ноҳияи Дӯстӣ ва сокини 23-солаи шаҳри Қурғонтеппа бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир шуданд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>