Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28616

Мусодираи қариб 10 кило маводи нашъадор

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар бозори марказии ноҳияи Восеъ, сокини  32-солаи ноҳияи Ҳамадониро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғариқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд.  Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 1  баста, ки дар дохили он маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 9 килою 570 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28616

Trending Articles