Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29477

Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Конго ба имзо расид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд.

Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва аз ҷониби Конго Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Конго дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Даниел Овасса ба имзо расониданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29477

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>