Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29527

Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ: “Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред”. (Гузориши хабарнигорон Маъруф Назарзода (ТВ “Тоҷикистон”) ва Тоҳирҷони Саид (АМИТ “Ховар”)

ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 июни соли равон Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, коршиносону донишмандон ва дигар намояндагони ниҳодҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баъди иштирок дар Ҳамоиши махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» аз мавзеи зебоманзари кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ  мавҷуд аст, дидан карданд. Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки барои таъмини қисми зиёди аҳолии давлатҳои минтақа бо оби ошомиданӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки аз кули Сарез оби тозаи ошомиданӣ ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб интиқол дода шавад. Амалӣ шудани ин пешниҳод метавонад, шиддати норасоии оби нушокиро барои миллионҳо нафар сокини давлатҳои поёноб аз байн барад. Ин кўли дар тамоми дунё машҳур, ки дар маркази ВМКБ дар баландии 3261 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида аст. Соли 2011 садсола шуда, 17 км3 оби тозаи ошомиданӣ дорад.

Ҳангоми дидан кардан аз табиати нотакрори кӯли Сарез, шиносоӣ аз имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпўш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. “Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред”, — иброз дошт Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш. Сипас, Антониу Гутерриш ва ҳайати ҳамроҳ ба мавзеи Паткнови ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли оҳангарӣ, табақтарошӣ ва кулолгарӣ дидан намуданд. Дар ин ҷо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид расми дар қолин нақошӣ шудаи ӯ, ки бо ороишоти миллӣ зиннат бахшида шудааст, ҳамчун хотира аз Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ фаъолияти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир фаъолияти пурсамар дошта, барои муборизаи муштарак ҷиҳати аз байн бурдани чунин хатарҳо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 расман шомили бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ-СММ гардида, дар давоми 25 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳими худро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро мамлакати ташаббускор дар самти ҳалли мушкилоти обии саёра мешиносад ва иқдомҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Тоҷикистон мамлакати кўҳсори дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуѓён, кўлҳои зебо, захираҳои оби ширин ва мўъҷизаи дар олам машҳури табиат-кўли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои кишвари мо ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масълаи об таваҷҷуҳи махсус дорад ва то эълони Даҳсолаи нав се ташаббуси муҳими ҷаҳониро дар соҳаи об пешниҳод ва тавассути СММ амалӣ намудааст. Акнун бо роҳандозӣ шудани ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,” 2018-2028 бо баргузории чандин нишасти ҷаҳонӣ ва амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои калонҳаҷм назари ҷаҳониён ба мавзўи об бештар ҷалб хоҳад гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз нақш ва мавқеи сазовори кишвари мо бо ташаббусҳои муҳиму саривақтии сатҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат медиҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028  муҳиму башардўстона маънидод намуд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0605

Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0055+
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0118
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0090
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0536
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0325
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0795
Image may be NSFW.
Clik here to view.
CSC_0109
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0055+
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0070
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0100
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0109
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0144
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0152
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0157
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0220
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0232
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0256
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0274
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0283
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0289
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0335
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0495
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0500
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0506
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0513
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0517
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0527
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0531
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0536
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0538
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0557
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0564
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0573
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0577
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0579
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0581
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0582
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0605
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0613
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0629
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0639
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0688
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0699
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0747
Image may be NSFW.
Clik here to view.
DSC_0787

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29527

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>