Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғони 17-сола, сокинони шаҳри Ваҳдат, ки бо гумони дуздӣ ба даст афтодаанд, хабар медиҳад.

Тавре аз Вазорат иттилоъ доданд, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби зани 55-сола, сокини ҷамоати деҳоти Баҳор ариза ворид гардидааст, ки 25 феврали соли 2017 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 2 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар робита ба ҷинояти мазкур ду нафар писарбачаҳои ноболиғи 17-сола, сокинони шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуданд. Вобаста ба далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>