ДУШАНБЕ, 03.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди маҷрӯҳшудагони таркиш дар шаҳри Шерози Эрон ба 32 нафар расид. Дар ин бора сардори хадамоти ёрии таъҷилии музофоти Форс Муҳаммадризо Алӣ Маниш дар мусоҳиба ба телевизиони давлатӣ хабар дод.
Чанде пеш ВАО-и Эрон иттилоъ доданд, ки дар яке марказҳои савдои шаҳри Шероз таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷаи он на кам аз 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мавҷи таркиш ба мағозаҳои наздик низ хисорот расонд.
«Теъдоди маҷрӯҳшудагон ба 32 нафар расид, ки 15 нафарашон дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи ҳамаи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. Сабаби таркиш ҳоло муайян нашудааст», — гуфт сардори хадамоти ёрии таъҷилӣ.