Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

ИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. ИМА қарор қабул кард, ки расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина ва як зумра кишварҳои дигар қатъ карда шавад, — иттилоъ додааст нашрияи «Российская газета». Роҳбари раёсати маъмурӣ-буҷавии Қасри сафед Мик Малвейни хабари мазкурро шарҳ дода, гуфтааст, ки бар ивази кумакҳои ҳарбии бебозгашт ба ин кишварҳо қарзҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳамин тавр, Малвейни хабари дар нашрияи «The Wall Street Journal» дарҷшударо оид ба кам кардани кумаки ҳарбии ИМА ба баъзе кишварҳо, аз ҷумла ба Покистон, Филиппин ва Украина тасдиқ намуд.

Ҳукумати ИМА ба ин хулоса расидааст, ки пешниҳод намудани қарзҳои кафолатнок босамартар аз расондани кумаки бебозгашт мебошад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ИМА бар ивази кумакҳои бебозгашти ҳарбӣ ба Украина додани қарзҳоро пешниҳод мекунанд. Ташаббуси мазкур дар маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп омода шудааст.

Ҳамин тавр дар назар дошта шудааст, ки ҳаҷми кумакҳои бебозгашти ИМА ба кишварҳои Ливан, Покистон, Тунис, Филиппин, Колумбия, Ветнам ва дигар мамлакатҳо маҳдуд карда мешавад.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>