ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ду таркише, ки дар навоҳии атрофи Бағдод рӯй дод, 11 нафар одамон ба ҳалокат расида, 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, — иттилоъ медиҳад агентии Рейтер бо такя ба хабари полиси маҳалӣ.
Тавре агентии Рейтер иттилоъ додааст, маводи тарканда дар ду автомошина гузошта шуда, 4 нафар аз ҳалокшудагон афсарони полиси маҳаллӣ будаанд.
Тибқи иттилои «РИА Новости», мошинҳо бо маводи тарканда дар наздикии идораи полис тарконида шуданд.
То ҳол ягон гурӯҳи террористӣ масъулияти таркишро ба зимма нагирифтааст.