Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Сокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст

$
0
0

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокини Мюнхени Олмон дар маркази шаҳр худро оташ задааст, — иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии полиси Бавария.

«Марди 54-солаи зодаи Мюнхен рӯзи ҷумъа бо автомошинааш ба маркази шаҳр омада, дар майдони Мариенплатс ба сару танаш бензин рехта, худро оташ зад», — омадааст дар хабари расмии сомонаи полиси Бавария.

Одамони раҳгузар алангаи оташро дар бадани мард хомӯш карда, ӯро ба беморхона интиқол доданд, вале баъд аз як соат мард дар беморхона ба ҳалокат расид.

Дар мошини ӯ якчанд шиорҳои бо фломастер навишта шуда пайдо гардидааст.

Сабабҳои худро оташ задани мард то ҳол муайян нашудааст.

Вобаста ба ҳодисаи худсӯзӣ полиси Мюнхен тафтишот оғоз намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>