Душанбе, 05.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳукумати музофоти Килиси Туркия изҳороти расмие нашр кард, ки неруҳои амниятии Туркия 4 нафарро дар марз бо Сурия бо гумони узвият ба гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» боздошт намуданд. Дар ин бора Синҳуа хабар медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки ин 4 нафар ва 11 кӯдаки ҳамроҳи онҳо талош доштанд ғайриқонунӣ вориди қаламрави Туркия шаванд. Онҳо аз ҷониби кормандони неруҳои амниятии минтақа боздошт шуданд.
↧
Дар Туркия 4 нафар гумонбар ба узвияти ДИ боздошт шуданд
↧