Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Полиси Индонезия: ДИ дар ҳамлаҳои террористии Ҷакарта даст дорад

Душанбе, 05.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Полиси Индонезия далелҳои наверо дар ихтиёр дорад, ки гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳамлаҳои террористии моҳи январи Ҷакарта даст дорад. Дар ин бора рӯзномаи Straits Times бо такя ба сардори полиси шаҳри Ҷакарта Тито Карнавиан хабар медиҳад.

Бино ба гуфтаи сардори полис, хулосаҳои аввалин оид ба он, ки ҳамлаҳоро дар Ҷакарта ифротгароёни маҳаллӣ содир кардаанд, иштибоҳ баромаданд. Ба гуфтаи ӯ, 3 ҷангии индонезӣ — Баҳрум Наим, Баҳрумсиах ва Салим Муборак, ки дар музофоти Раққа қарор доранд, ба ифротгароён супоришҳои муфассал додаанд.

Полис ҳамчунин муайян кард, ки ҷангиён дар баробари ҳамлаҳои террористии 14-уми январ, якчанд ҳамлаҳои дигарро, аз ҷумла ба яке аз мактабҳои байналмилалии Ҷакарта, фурудгоҳи байналмилалӣ ва соҳили Балӣ ба нақша доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи январ дар маркази шаҳри Ҷакарта силсилаҳамлаҳои террористӣ содир шуданд, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок гардида буд. Он гоҳ ба полис муяссар гардид, ки 2 ҷангиро нобуд созад. 2 ҷангии дигар худро тарконданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>