Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

А. Меркел: Роҳбарони ИА аз Путин хоҳиш карданд, ки ба роҳбарияти Сурия таъсир расонад

$
0
0

Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбарони Фаронса, Олмон, Британия, Италия ва Русия дар доираи конфронси телефонӣ вазъият дар Сурияро баррасӣ карданд. Зимни суҳбати телефонӣ роҳбарони Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз Владимир Путин даъват карданд, ки бо мақсади ҳалли низоъ ба роҳбарияти Сурия таъсир расонад. Дар ин бора Ангела Меркел изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи иштирокдорони суҳбат розианд, ки раванди сиёсӣ дар Сурия ҳарчи зудтар оғоз гардад.
Дар навбати худ, президенти Фаронса Франсуа Олланд гуфт, ки конфронси телефонӣ муфид буд.
«Конфронс муфид буд, чунки имкон дод, хотиррасон шавем, ки оташбас бояд дар Сурия дар ҳама ҷо риоя карда шавад, ба истиснои амалиёт бар зидди гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра», — изҳор дошт Ф. Олланд.
Мавзўи асосии конфронси телефонии роҳбарони Русия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Италия риояи оташбас дар Сурия буд. Суҳбати роҳбарони Аврупо чанд рӯз пеш аз музокироти сулҳи Сурия, ки баргузориаш 9-уми март дар Женева ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>