Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо вакили Ассамблеяи миллии Франсия

ДУШАНБЕ, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вакили Ассамблеяи миллии Франсия Тиерри Мариани мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки имрўз беш аз 25 ширкату корхонаҳои Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, тиҷорат, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим фаъолият доранд.

Барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва туризм ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Вакили Ассамблеяи миллии Франсия Тиерри Мариани изҳор дошт, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва манзараҳои нотакрори он барои рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони Франсия ба Тоҷикистон мусоид мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>