ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба анбори силоҳи кимиёвии террористони «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Дайр-уз-Зор зарба зад. Дар натиҷа садҳо нафар, аз ҷумла сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии «SANA» бо истинод ба изҳороти Ситоди генералии Сурия хабар дод.
Бино ба гузоришҳо, аз моддаҳои заҳролуд одамон ҳалок ва маҷрӯҳ гардиданд. Шумораи аниқи қурбониён муайян нест.
Чанде пеш президенти Россия Владимир Путин бо истинод ба манбаъҳои гуногун гуфт, ки дар Сурия ҳамлаҳои кимиёвии нав омода мешаванд. Ӯ ҳамлаи кимиёвиро ба музофоти Идлиб шарҳ дода, ду фарзияи асосии онро номбар кард. Путин фарзияи аввалро зарбаи авиатсияи Ҷумҳурии Арабии Сурия ба коргоҳи махфии моддаҳои заҳролуд номида, фарзияи дуюмро «танҳо намоиш, яъне иғво» хонд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Москва бар зидди ҳукумати расмии Сурия бидуни санҷиши дақиқи ҳодиса чораҷӯӣ нахоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки 4 апрел дар маҳалли аҳолинишини Хан-Шайхуни музофоти Идлиб лавозимоти ҷангӣ бо моддаҳои заҳролуд истифода шуданд. Бино ба маълумоти гуногун, дар натиҷа беш аз 80 нафар ба ҳалокат расида, на кам аз 500 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
↧
Ғарб анбори силоҳи кимиёвии «Давлати исломӣ»-ро бомбаборон кард
↧