Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29580

СММ кишварҳои Аврупоро даъват намуд, ки гурезагонро ба Венгрия равон накунанд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон рӯзи 10 апрел кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро даъват намуд, ки паноҳандагонро ба Венгрия равон накунанд. Дар ин бора радиои байналмилалии Франсия «RFI» хабар медиҳад.
Созишномаи Дублин оид ба гурезагон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки паноҳандагоро ба аввалин кишвари ИА, ки онҳо марзи онро убур кардаанд, равон намоянд. Созишнома ҳамчунин дар Швейтсария, Норвегия, Исландия ва Лихтенштейн амал мекунад. Даъвати СММ низ ба қатъ кардани равоннамоии муҳоҷирон ба Венгрия вобаста аст.
28 март дар Венгрия тағйиру иловаҳо оид ба гурезагон ҳукми қонунӣ гирифтанд, ки тибқи онҳо муҳоҷиронро ба муҳлати номуайян дар ду минтақаи пӯшида дар марз бо Сербия ҷой мекунанд ва дархости онҳоро вобаста ба паноҳандагӣ баррасӣ менамоянд.
Бино ба маълумоти СММ, дар ин бошгоҳҳо 110 нафар, аз ҷумла ноболиғон ва 4 кӯдак бе назорати калонсолон қарор доштанд.
«Вазъи гурезагон дар Венгрия бо қабули қонуни нав, ки боздошти ҳатмии паноҳандагонро талаб менамояд, бадтар гардид», — гуфт Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон Филиппо Грандӣ. Ба гуфтаи ӯ, тағйиру иловаҳо ба қонуни Венгрия оид ба гурезагон ба қонунгузории Аврупо ва байналмилалӣ мутобиқат намекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29580

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>