Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

«Суғдсинамо» филми дуюми худро пешкаши тамошобинон мекунад

Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ “Ховар”).-Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” банаворгирии дуюмин филми худро бо номи “12 соли интизорӣ” ба анҷом расонид. Жанри филм мелодрамма буда, дар асоси қиссаи воқеӣ наворбардорӣ шудааст. Муаллифи филм Бахтиёр Каримов, коргардон Муҳиддини Музаффар, продюсер Дилошуб Орифзода буда, нақшҳои асосиро Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Мамадов, Моҳпайкар Ёрова ва Насриддин Асадуллоев бозидаанд.
Мувофиқи иттилоъ, нахустнамоиши “12 соли интизорӣ” оғози фасли баҳор- аз 2 то 15 марти соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар назар дошта шудааст, ки филми “12 соли интизорӣ” рӯзҳои ҷашни Наврӯз пешкаши тамошобинони пойтахт гардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>