Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28623

Доварони бозии “Триполӣ” ва “Истиқлол” муайян шуданд

Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар даври дуввуми Ҷоми КФО вохӯрии байни дастаҳои “Триполӣ” ва “Истиқлол” -ро, ки рӯзи 8-март дар Лубнон баргузор мешавад, гурӯҳи доварон бо роҳбарии Чоримурат Қурбонов аз Туркманистон ҳакамӣ мекунанд. Ба ӯ Палвон Палвонов (Туркманистон) ва Андрей Тсапенко (Узбекистон) кумак менамоянд. Довари эҳтиётӣ Алибек Сапаев (Туркманистон) мебошад.
Нозири доварон Исмоил Сафирӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва комиссари вохӯрӣ Муҳаммад Салмон Намшон аз Арабистони Саудӣ таъйин шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Чоримурат Қурбонов аз соли 2003-юм инҷониб бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунад. Ӯ пештар бозии байни дастаҳои “Регар ТадАЗ” ва “Риффа” -и Баҳрайн (0-3) , инчунин “Сафо”-и Лубнон ва “Равшан”-ро(8-0) дар доираи бозиҳои Ҷоми КФО доварӣ кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28623

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>