Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28581

Остона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба баргузории мулоқоти байналмилалӣ оид ба сулҳи Сурия дар муҳлати пешбинишуда омодагӣ мебинад. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба сардори хадамоти матбуоти ВКХ Қазоқистон Ануар Жайнаков хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар музокирот ҳайатҳои Россия, Туркия ва Эрон иштирок хоҳанд кард. Даъватномаҳо ба намояндагони СММ, ИМА ва Урдун ирсол шудаанд.

Тасдиқи иштироки ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифини мусаллаҳи Сурия дар назар аст. Интизор меравад, ки 14 март машваратҳои пешакӣ ва 15 март ҷаласаи пленарии иштирокдорони мулоқот баргузор гарданд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28581

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>