Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29037

Дар Аргентина бар асари бархӯрди автобусҳо на кам аз даҳ нафар ба ҳалокат расиданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Аргентина бар асари бархӯрди 2 автобус на кам аз 10 нафар ба ҳалокат расида, 20 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба намояндаи Прокуратураи генералӣ Себастиан Карранса хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, бархӯрди автобусҳо дар музофоти Санта-Фе дар қисмати марказии ин кишвар рух додааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта бар асари садамаи автобус дар ғарби Аргентина 19 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29037

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>