ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Стеффан де Мистура ба ҳайатҳои дар музокироти Женева иштирокдошта пешниҳод намуд, ки гурӯҳҳои корӣ оид ба конститутсия, интихобот ва гузариши ҳокимият дар Сурия таъсис дода шаванд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо ишора ба мушовири Кумитаи Олии музокироти мухолифин Яҳё ал-Аридӣ иттилоъ дод.
«Оре, де Мистура пешниҳод намуд, ки таъсис диҳем ва мушкилотро ба сабадҳо тақсим намоем», — гуфт ӯ.
Ал-Аридӣ маънидод намуд, ки акнун ҳама то рӯзи душанбе ва сешанби ҷавоби намояндагони ҳайати Димишқро доир ба қабул ё рад намудани ин пешниҳод мунтазир хоҳанд шуд.