Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Котиби генералии СММ аз норасоии 4,4 миллиард доллар барои наҷоти 20 миллион одамон хабар дод

$
0
0

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки барои пешгирии офатҳои гуманитарӣ дар чанд кишвар то охири моҳи марти соли 2017 бояд беш аз 4 миллиард доллари ИМА ҷамъ карда шавад. Дар ин бора Reuters иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, қариб 20 миллион одамон дар Нигерия, Сомали, Судони Ҷанубӣ ва Яман зери таҳдиди гуруснагӣ қарор доранд. Барои ҳалли вазъи фавқулода бо озуқа дар соли 2017 бояд 5,6 миллиард доллар пайдо кард ва 4,4 миллиарди он аллакай то охири моҳи март зарур аст.
«Ба ваъдаҳои бисёре нигоҳ накарда, то ҳол танҳо гирифтани 90 миллион доллар даст доду халос», — тазаккур дод Гутерриш.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>