Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Дар Баҳрайн 20 нафар бо ҷурми терроризм боздошт шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои амниятии Баҳрайн 20 нафар, аз ҷумла 4 занро, ки барои ҷиноятҳои марбут ба фаъолиятҳои террористӣ ҷустуҷӯ мешуданд, боздошт намуданд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба ВКД Баҳрайн хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти оммавӣ дар доираи тафтиши қазияи кӯшиши гумонбарон дар терроризм, ки бо қаиқ қасди фирор тавассути баҳр ба Эронро доштанд, сурат гирифт. Гурезагон дар ҳамла ба зиндони маҳбусони сиёсӣ дар Манама дар оғози сол гумонбар дониста мешаванд.
Амалиёт барои боздошти гумонбарон аз 9 то 19 феврал гузаронида шудааст. Занони боздоштшуда барои кумак ва пинҳонкунии гумонбарон гунаҳгор дониста мешаванд. Ҳашт нафари боздоштшуда истифодаи силоҳ ва маводи таркандаро дар Эрон ва Ироқ тамрин кардаанд. Ду нафари дигар дар истеҳсоли маводи таркандаи худсоз гунаҳгор дониста шудаанд. Яке аз боздоштшудагон барои куштори намояндаи полис дар наздикии шаҳри Манама дар охири моҳи январ гумонбар дониста мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>