Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Озмунҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ дар муассисаҳои таълимӣ

$
0
0

озмунДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз дар бисёр муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар байни хонандагон озмунҳои гуногун баргузор гашта истодаанд.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Назмия Қулматова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, «ҳар сол бахшида ба ҳар як санаи муҳими таърихӣ мо дар байни хонандагон озмунҳои гуногун- иншои беҳтарин, расми беҳтарин, газетаи девории беҳтаринро эълон мекунем. Имсол ҳам бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмун эълон намудем».
«Баргузории ин озмунҳо дар байни хонандагони муассисаи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ба ин ҷашнҳо тайёрии ҷиддӣ мебинем. Хонандагони муассиса доир ба ин ҷашнҳо расмҳо ва рӯзномаҳои деворӣ омода карда, иншо менависанд. Аз байни онҳо мо беҳтаринҳоро интихоб мекунем. Ғолибони ин озмунҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ифтихорномаҳои муассиса мукофонида мешаванд»,-гуфт Назмия Қулматова.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>