Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Намояндагони ширкати «De La Rue» маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон 21 феврал дар мавзӯи «Технологияи нави бонкӣ дар самти муомилоти пулӣ ва чопи пул» муаррифии маҳсулоти ширкати британиягӣ «De La Rue» яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон оид ба чопу нашри қоғазҳои қиматнок (банкнотаҳо, шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоявӣ) баргузор гардид.
Тавре ки аз БМТ хабар доданд, ҳайати намояндагии ширкати «De La Rue» нахуст иштирокдоронро бо таърихи пайдоиш ва самтҳои фаъолияти ширкат дар бозори истеҳсоли қоғазҳои қиматнок шинос намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ширкати британиягии «De La Rue Cash Systems» — яке аз ширкатҳои пешқадами истеҳсолкунандаи маҳсулоту таҷҳизоти бонкӣ ба ҳисоб рафта, аз замони таъсис ёфтанаш дар соли 1813 то ба имрӯз соҳиби якчанд иҷозатнома барои истеҳсоли таҷҳизоти махсуси ҳисобкунии дақиқ ва нигаҳдории банкнотаҳои фарсудашуда гаштааст.
Директори Департаменти кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиёи Миёнаи ширкати «De La Rue» Дамиян Кватковский ба ҳозирин оид ба имкониятҳо ва пешниҳоди маҳсулоти ширкат маърӯза намуд.
«Аз хизматрасонии ширкати «De La Rue» бонкҳои марказии 150 кишвари дунё истифода мебаранд. Аз ҷиҳати дизайн маҳсулоти мо гуногун буда, банкнотаҳои ҳар кишвар бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва таърихӣ таҳия карда мешаванд. Илова ба ин, ширкат шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дигар намудҳои ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоя, мошинаҳои пулҳисобкунӣ ва тафтиши банкнотаҳоро истеҳсол мекунад»,-иброз дошт Дамиян Кватковский.
Муовини Раиси бонки миллӣ Л. Салимова оид ба хусусиятҳои пули миллӣ-сомонӣ, сатҳи ҳимоявии он, баланд бардоштани фарҳанги молиявии аҳолӣ, ба роҳ мондани нашри мавод оид ба хусусиятҳои таркибӣ ва ҳимоявии пули миллӣ бо мақсади ҳарчӣ зиёдтар фарогир кардани аҳолӣ бо иттилооти молиявӣ маълумот дод.
Дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ аз маҳсулоти ширкати «De La Rue» ташкилотҳои зиёд истифода бурда, банкнотаҳои миллии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Литва, Латвия, Туркманистон ва Қирғизистон маҳсулоти ширкати номбурда ба ҳисоб мераванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>