Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Ташкилкунандаи эҳтимолии ҳамла ба маркази дилхушии шабона дар Истанбул боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гумонбар дар ташкил кардани ҳамлаи шаби Соли нав ба маркази дилхушии «Reina» дар минтақаи Ортакейи Истанбул боздошт гардид. Тафсилоти амалиёт оварда нашудааст. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба гузориши шабакаи телевизиони «Sky News Arabia» хабар дод.
Бино ба гузориши шабака, боздоштшуда зодаи Туркия буда, дорои шаҳрвандии Франсия мебошад. Ӯро мақомоти Туркия ба хотири бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнуъ дар Тоҷикистон) алоқа доштан ба феҳристи шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта шомил карда буданд.
Чанде пеш иҷрокунандаи ҳамлаи террористӣ сокини Ӯзбекистон Алдулқодир Машарипов изҳор дошт, ки аз шахсе бо номи Абуҷоҳид, ки бо ӯ шахсан мулоқот накардааст, дастур мегирифт. Ин шахс ба воситаи хаткашон ба суроғаи мерган (тирандоз) автоматро бо 6 мағозаи пур ва 3 норинҷаки дастӣ ирсол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби Соли нав бар асари ҳамла ба маркази дилхушии шабонаи Истанбул 39 нафар қурбон шуданд, ки 16 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Йордания, Лубнон, Либия ва Исроил буданд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар зимма гирифта буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>