ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ, рушди технология ва мухолифати иттилоотӣ муҳим ва ҳалкунанда он аст, ки дар ин ё он кишвар кадом элитаи сиёсӣ роҳбарӣ мекунад.
Элитаи сиёсӣ чист? Ин гурӯҳи сиёсии ҳукмронанда ва соҳибимтиёзест, ки дар сохтори ҳокимият мавқеи роҳбариро ишғол мекунад ва дар қабули масъалаҳои муҳими марбут ба давлатдорӣ бевосита иштирок менамояд.
Баҳс дар бораи бартарии элитаи Тоҷикистон, қобилияти аз паси худ бурдани оммаи мардум ба самти зарурӣ барои рушди давлат ва миллат муҳим мебошад. Ба ақидаи таҳлилгар Нуралӣ Давлат, «элитаи муосири тоҷик маҳсули бевоситаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 аст. Дар айни замон дар Тоҷикистон ягон элитаи дигар дида намешавад». Қисман ӯ ҳақ аст ва месазад муайян кард, ки оё ин қисми ҷомеа-пешсаф, бонуфуз ва неруи воқеии пешбарандаи миллат дар роҳ ба сӯи пешрафт, сулҳ ва некӯаҳволӣ маҳсуб мешавад?
Ёдовар мешавем, ки «элита» (аз калимаи франсузии elite-беҳтарин, яккачин) дар ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ табақаи олии сохтори иҷтимоии ҷомеаро меноманд, ки вазифаи муҳими давлатӣ ва фарҳангиро татбиқ менамояд. Намояндагони онро ҳам бо нишонаҳои фаъолият-сиёсӣ, техникӣ, иҷтимоӣ-равонӣ ва ҳам бо хусусият-аз зиддидемократӣ то либералӣ фарқ мекунанд. Тибқи тақсимоти олими олмонӣ К.Манхейма дар ҷомеашиносии муосир консепсияҳои маҷмӯи элитаҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, низомӣ, мазҳабӣ, илмӣ, фарҳангӣ) пешниҳод шудаанд, ки дар мувозина бо якдигар низоми тоталитаризмро пешгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, проблемаи ташаккул, интихоб, дигаркунӣ ва мукофотонидани элитаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бадеии адабиёти тоҷику форс қайд шудааст, ки назария дар бораи элитаи сиёсӣ дар асарҳои классикони бузург инъикос гардида, аз гузаштагони мо сарчашма мегирад. Аз рӯи мушоҳидаҳои яке аз олимони муосири тоҷик, «ташаккул ва рушди назарияи элита яке аз самтҳои асосии илм оид ба давлат дар тамоми даврони таърихии рушди инсон маҳсуб мешавад».
Даврони нав ва воқеияти муосир пешвоёни сиёсии дорои шаклу тафаккури навро тақозо мекунанд.
Ба шахсони тибқи меъёрҳои анъанаҳои коммунистӣ тарбияёфтаю аз рӯи андозаҳои шӯравӣ (ба қавле, на он қадар бад) сохташуда зарур омад, ки бо равиши таърих бозомӯзӣ кунанд ва дар миёни ба ном демократҳо ва исломигароёне, ки таъми озодиро чашидаанд, камин гиранд. Таҷрибаи дошта ва дониши худро ба воқеияти тағйирёфта мувофиқ кунонанд. Агар барои мансабдорони шӯравӣ дар ҷои аввал манфиати давлати шӯравӣ меистод, кунун дар давлати соҳибистиқлол ин манфиатҳо ба манфиатҳои миллӣ табдил ёфтанд.
Элитаи ҳозираи тоҷик дар шароити мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст.
Вақт интихоби табиии сиёсии худро кард — қавитарин, хирадмандтарин ва ояндадортаринҳо зинда монданд. Онҳо на «бо сарнайзаҳо», балки баръакс, бо ҳадафҳои нек, талошҳо барои оштӣ ва сулҳ бо мухолифини сиёсии худ ба сари қудрат омаданд. Одилона аст, зикр намоем, ки ба ном аксарият барои қудрат талош меварзиданд, вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кард, ки масъулияти қонуниро барои ояндаи кишвар ва мардум ба зиммаи худ гирад. Ӯ ҷавонтарин роҳбари давлат дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, имрӯз Пешвои миллат эътироф шудааст. Солҳои 90-ум ӯ рақиби сазоворе надошт. Дар интихоботи навбатии президентӣ низ рақибони асосии ӯ аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон муддати зиёд доир ба номзадашон ба қароре омада натавонистанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон кадрҳои комилан боистеъдод ва зирак, дорои қобилияти ташкили ҳокимияти касбӣ, муттаҳидкунандаи неруҳои солим, таъминкунандаи ризоияти байниминтақавӣ ва муҳимтар аз ҳама, пешгирии харобшавии минбаъдаи иқтисодиёт ва тороҷи кишвар зарур буданд.
Тадриҷан Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи худ гурӯҳи одамони боғайрат ва ҳамфикрро ҷамъ овард. Миёни онҳо мансабдорони назариётчӣ кам буда, аксаран истеҳсолгарони кордон буданд. Дар Тоҷикистон пас аз ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил карда шуд. Дар сафи он хатмкунандагони макотиби олии ҳизбии Москва, Ленинград, Тошканд, Минск ва роҳбарони табақаи миёна кам набуданд. Дар амал маълум гардид, ки маҳз онҳо нисбат ба квотачиёни беташаббуси 30-фоизаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аллакай аз пайдо кардани ҷой дар ҳукумат қаноатманд буданд ва худро дар кор на он қадар фаъол нишон медоданд, соҳибкасбтар ва тавоно будаанд. Имкониятҳо барои элитаи сиёсии нав шудан ба ҳар ду ҷониб тибқи ҳиссаи мувофиқагардида пешниҳод шуда буданд. Аксарият аз уҳдаи он набаромаданд ва бо қонун баҳс карда, аз рақобат даст кашиданд. Дар сари қудрат насли чилсолаҳо боқӣ монд, ки бо арзиши санҷиш ва иштибоҳ, оҳиста-оҳиста, вале содиқона давлати соҳибистиқлоли ҷавонро аз харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба роҳи осоишта бароварда, тавонист барои Тоҷикистон эътироф ва нуфузи байналмилалиро соҳиб шавад.
Бо гузашти вақт, ҳукумати ҷавон ба камол расида, ботаҷриба гардид. Ин як раванди табиист, вале бояд ба назар гирифт, ҳодисаҳое кам нестанд, ки «бо сол бузургу бо ақл ҷавонанд».
Давлатро бояд шахсони ботаҷриба роҳбарӣ намоянд. Шаҳрвандон миёни таҷриба, хирад, дурнамо ва ҷавонӣ чизи беҳтареро интихоб карда, ба худ суботу эътимод мехоҳанд ва ба роҳбарони дорои нуфузи ҷаҳонӣ раъй медиҳанд. Феълан Конститутсияи аксари кишварҳо барои президент синну соли ниҳоиро муқаррар накардааст. Афзоиши давомнокии ҳаёти фаъоли инсон, вақти носубот ва вазъи сиёсӣ ба қонунҳои иҷтимоӣ дигаргуниҳо ворид намуданд. Баъдан ҷойнишини фаъоли ба воя расида ва омодашуда аз ҳисоби созмонҳои ҷавонони дар кишвар фаъол ва ё аз ҳисоби мутахассисони ҷавони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда мерасад.
Бо итминон метавон гуфт, ки Президенти ҳозираи Тоҷикистон метавонад аз миёни насли нави ҳаматарафа ба камол расида ворис интихоб намояд.
Тамара ОБИДОВА