Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Таҷлили 23-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Исфара

$
0
0

Исфара, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ифтихори 23-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Кимиёгарон»-и шаҳри Исфара маҷлиси ботантана доир гардид.
Дар ҳузури иштирокдорон роҳбарияти шаҳр аскарону афсарон ва кулли мардуми шарафманди Исфараро бо Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод намуда, доир ба нақши беназири ҳарбиёни кишвар дар пойдории амну осоиш ва корнамоиву қаҳрамонии онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан суханҳои ифтихорангез баён кард.
Сипас бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаву софдилона ба гурӯҳи низомиёни шуҷои қисмҳои ҳарбии Исфара туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>