Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Хатсайри ҳавоии миёни Душанбе-Тошканд аз кай ба роҳ монда мешавад?

ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар медиҳад, ки дар мувофиқа бо роҳбарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 10 феврали соли ҷорӣ хатсайри ҳавоии миёни Душанбе-Тошканд аз нав ба роҳ монда мешавад.

Минбаъд ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа, парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе оғоз менамояд.

Хоҳишмандони сафар чиптаҳоро метавонанд аз кассаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба даст оваранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles