Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯро қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиғоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи васоити ахбори омма ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона шуда, дар маҷмуъ иҷро гардиданд.

Бо мақсади амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ қабул гардидааст, як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Тибқи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. Дар идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор сабукиҳои андозӣ қабул гардиданд.

Бо қарори Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018, аз 27 июли соли 2016, тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузориш дод.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, узви Шӯро аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари ҶДММ “Кафолат” Музаффар Саймуддинов, Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш», Комилҷон Иброҳимов, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, Си Си Ю ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.

Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун марҳилаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин масъалаҳои дигари ҷаласа қайд гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор доданд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
31760781264_859a9b9a06_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31792389593_253cbe08e0_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31760775654_98cd351b74_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31792448853_b4804b23b8_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31792502813_166bfcc822_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32225337100_4b45406333_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32225753350_24503d26d5_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32451715272_f554888209_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32451744212_4ecaf70be6_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32481590971_55d1556cd2_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32481607381_365fce2856_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32481661601_2b2e9c4140_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32482033581_81e3b8332c_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32482053711_c66ffbb99b_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32482069121_3f490cac8e_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32563896516_342d26ba7d_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32563937206_a5492ed613_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32564279416_02268edaae_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32564285266_bdce24c2e0_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32604432885_7f95a0f0db_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32604497355_05ccabf6ca_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32604531865_a543f5d6cd_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32604885675_2e0b63b8b5_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
32604930885_bd1cf079e6_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles