Душанбе, 18.02.2016. (АМИТ «Ховар). — Артиши давлати Сурия шаҳри Кенсабаро таҳти назорат гирифт, ки яке аз охирин ва муҳимтарин истеҳкомоти террористон дар музофоти Латакиё ба шумор мерафт. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Ал-Маёдин» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни поксозии шаҳр задухӯрдҳои шадид рух доданд, ки дар натиҷа силоҳбадастон ба фишори артиши давлатӣ тоб наоварда, рӯ ба фирор овардаанд.
Ҳафтаи гузашта иттилоъ дода шуда буд, ки неруҳои ҳукуматӣ қисмати зиёди музофоти Латакиёро дар марз бо Туркия таҳти назорат гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки забти минтақаҳои сарҳадӣ ба артиши давлатӣ имкон медиҳад, ки масири таъмини террористонро аз кишварҳои ҳамсоя бандад.
↧
Артиши Сурия яке аз охирин истеҳкомоти террористонро дар Латакиё ишғол кард
↧